Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 55 тан дар бомбгузории масҷиде дар Покистон


Теъдоди қурбониёни бомбгузории интиҳорӣ дар як масҷиде дар шимолу ғарби Покистон ба 55 нафар расидааст ва тақрибан 100 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин бомбгузорӣ ҳангоми намози ҷумъа дар ноҳияи Дарраи Одамхел маркази вилояти Хайбар Пахтунхва сурат гирифт. Чанд соад баъди ин ҳамла бар асари партоби норинҷакҳо ба масҷиди дуввуме дар наздикии шаҳри Пешовар ду тани дигар ҳалок шуданд. Масъулияти ин ҳамлаву бомбгузориҳоро касе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG