Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Медведев қонуни Думаи Давлатиро вето гузошт


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, қонунеро вето гузошт, ки тазоҳуроти зиддиҳукуматиро маҳдуд мекунад. Дар як номаи саркушода ба унвони ҳарду палатаи порлумони Русия, Дмитрий Медведев гуфтааст, қонуни мазкурро имзо нахоҳад кард, зеро он мухолифи ҳуқуқ ба гирдиҳамоӣ аст, ки Қонуни Асосии Русия замонат додааст. Қонуни дар моҳи октябр тасвибкардаи Думаи давлатӣ, онҳоеро аз ҳаққи тазоҳурот маҳрум мекард, ки дар баргузории тазоҳуротҳои ғайриқонунӣ гунаҳкор дониста шудаанд.
XS
SM
MD
LG