Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Қирғизистон аз ИМА дар робита ба як қарордод


Давлати Қирғизистон аз Амрико даъват кардааст, ҳамкорӣ бо ширкатеро боздорад, ки ин ширкат маркази транзитии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Бишкекро бо маводи сӯхт таъмин мекунад. Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида, рӯзи чаҳоршанбе бо ширкати Майна Корпорейшн, қароргоҳаш дар Лондон шартномаи 315 миллион долларие имзо кард, ки таъмини ҳавопаймоҳои эътилофӣ бо маводи сӯхтро пешбинӣ мекунад. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, қарордодҳои пешина бо ин ширкат дар аҳди Қурмонбек Боқиев олуда ба фасод будааст ва Амрико бояд то поёни тафтиш дар ин замина ҳамкорӣ бо Майна Корпорейшнро муттавақиф кунад.
XS
SM
MD
LG