Пайвандҳои дастрасӣ

Барқарории пойгоҳи мушакҳои зидди жола дар Данғара


Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ҳукумати ноҳияи Данғара

Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ҳукумати ноҳияи Данғара

Ҳукумати ноҳияи Данғара тасмим дорад, то пойгоҳи мушакҳои зидди жоларо барқарор кунад. Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара гуфт, ки «ҳоло барои рафъи боришоти зараровар ва жола зарурате пеш омадааст, то мушакҳоро, ки қаблан дар қаламрави ноҳия вуҷуд доштанд, барқарор кунем».

Ба гуфтаи раиси ҳукумати ин ноҳия, замони шӯравӣ ин мушакҳо хеле фаъол буданд ва аз ҳама гуна боришоти зиёновар пешгирӣ менамуданд, вале мутаасифона замони бесарусомониҳо онҳо хароб гаштанд. Ҷаноби Саидалиев афзуд:

«Давоми соли ҷорӣ аз 2300 ҳазор гектар пахтазор, 375 гектари онро жола комилан хароб кард. Боғҳоро низ жола зарар расонд. Ҳар сол чунин мешуд, вале имсол зарар хеле бисёр буд. Мо ҳисоб кардем, ки агар мушакҳои зиддижола фаъол мешуданд, ин қадар зарар намешуд. Боз болои зарар, мо маҷбур будем, ки хоҷагиҳои зарардидаро ҷуброн кунем ва аз андоз озод. Барои ин барқарории ин мушакҳо саривақтист».

Ин мушакҳо замони шӯравӣ дар кӯҳҳои Норак насб шуда буданд ва ҳангоми зарурат барои пош додани жола ва ба борони безарар табдил додани он истифода мегардиданд. Аммо Самад Намозов, як сокини кӯҳансоли ноҳияи Данғара гуфт, ки мушакҳои зидди абрҳои хатарнокро замони ҷанги шаҳрвандӣ бархе қумондонҳо барои истифода ба яғмо бурданд, вале то кадом ҳад ва чӣ гуна аз онҳо дар ин ҷанг истифода шудааст, номаълум аст.

Баҳриниссо Назарова, сармутахассиси Раёсати идораи кишоварзии минтақаи Кӯлоб
Дар ҳамин ҳол Баҳриниссо Назарова, сармутахассиси Раёсати идораи кишоварзии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, соли ҷорӣ 40 фисади киштаи деҳқонон аз чунин офатҳои табии зарар дид. Ӯ мегӯяд, дар сурати фаъол шудани мушакҳо, пешгирӣ аз чунин зиёнҳо имконпазир мегардад.

Раҷабалӣ Насриддинов, як деҳқон мегӯяд, ҳар сол бинобар боридани жола боғу токзорҳо тахриб мегарданд. Ӯ мегӯяд: «Бо боридани жола дар кӯҳистон боғҳо хароб мегарданд. Ин жола агар пурра хароб накунад ҳам тани ҳар себро захмдор мекунад, ки дигар он дар бозор харидор надорад. Ҳамин аст, ки имсол чунин себҳои захмии моро нахарида, бештар себҳои хитоиро мехаранд.»

Ҳукумати ноҳияи Данғара дар ҳоле паи барқарорсозии ин мушакҳост, ки даври дуввуми обёрии даштҳои Данғара дар ҳоли анҷомёбист. Мувофиқи ин тарҳ, бояд садҳо ҳазор ҳектор замини Данғара обёрӣ ва ба майдони зироату полезиҳои ниёзи мардум табдил ёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG