Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳкумияти се узви гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев


Бинои додгоҳи вилояти Хатлон

Бинои додгоҳи вилояти Хатлон

Ахиран се сокини вилояти Хатлон бо ҷурми созмон додани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, талоши ғасби ҳокимияти давлатӣ ва узвият дар гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев, бо ҳукми додгоҳҳо, ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Мансур Нуров ва Шавкат Ҷӯраев, сокинони маҳаллиро, барои сездаҳуним ва понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Ба ҷуз ин, додгоҳи вилояти Хатлон Алишер Мавлонов, сокини ноҳияи Шаҳритусро, ҳам бо ҳамин иттиҳом ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Норизояти аз ҳукми додгоҳ

Ба иддаои додситонӣ, ин афрод дар чанд соли ахир дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, дар гузашта дар ҳайати гурӯҳи созмонёфтаи Маҳмуд Худойбердиев, фармондеҳи собиқи бригадаи савораи тирандоз ва зудамали назди раисҷумҳури Тоҷикистон, дар амалиёти тахрибкории соли 1997 дар Қӯрғонтеппа даст доштаанд.

Раҷабалӣ Воҳидов, додраси мурофиаи мазкур, бо таъкид ба ин нукта, ки ҳанӯз ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа алайҳи ду нафари муттаҳам нерӯи қонунӣ нагирифтааст, аз сӯҳбат дар мавриди парвандаи мазкур худдорӣ кард.

Саидҷаббор Алиев, вакили мудофеъ
Аммо Саидҷаббор Алиев, вакили мудофеи ҳуқуқи маҳкумшуда Мансур Нуров, мегӯяд, бо ҳукми додгоҳ ризо набуда, ба додгоҳи зинаи болоӣ ё додгоҳи таҷдиди назар, шикояти кассатсионӣ бурдааст. Ҷаноби Алиев мегӯяд, дар ихтиёри худ силсилаи далелу арқоме собиткунанда ба бегуноҳии нафари таҳти ҳимояташро дорад. Аз ҷумла вай қасд доштааст, ки дар додгоҳи таҷдиди назар исбот кунад, ки тафтишоти парвандаи мазкур ғайримунсифона анҷом шуда, ҳатто мӯҳлати ба муҷозот кашидани нафари таҳти ҳимояташ гузаштааст.

Гуфта мешавад, Мансур Нуров ва Шавкат Ҷӯраев бар асоси кодекси ҷиноятии соли 1998 ба муҷозот кашида шудаанд. Ҳол он, ки ин афрод барои содир кардани ҷиноёт дар соли 1997 айбдор гардидаанд ва бояд бар асоси кодекси ҷиноятии соли 1961-и Тоҷикистони Шӯравӣ муҷозот мешуданд, ки ҷазои сабуктарро пешбинӣ мекунад.

Вакили мудофеъи Нуров афзуд, нафари таҳти ҳимояташ танҳо 13 рӯз дар воҳиди низомии сарҳанг Худойбердиев хидмати сарбозӣ карда, бо гузашти 13 сол аз нооромиҳои Қӯрғонтеппа, ки дар он Худойбердиев ва пайравонашро муттаҳам медонанд, нисбаташ парванда боз шудааст:

«Мансур Нуров дар қисми низомии Худойбердиев ҳамагӣ 13 рӯз хизмат кардааст. Баъд аз 13 рӯзи хизматаш ҳамин ҳодисаҳои харобкорӣ сар заданд дар минтақа, ки кори дасти Маҳмуд Худойбердиев мехонанд. Соли 1997 вай ҳамроҳи дигар сарбозони Маҳмуд то Шаҳритус рафт, аммо гашта омад, Узбакистон фирор накардааст, мисли бисёриҳо. То соли 2006-ум дар ҳамин ҷо, Қӯрғонтеппа зиндагонӣ кардааст, баъд Русия рафтааст…»

Саидҷаббор Алиев, вакили мудофеъи маҳкумшуда Мансур Нуров афзуд, нафари зерҳимояташ чаҳор соли ахир дар Русия мардикорӣ карда, имсол баъди бозгашт ба ватан аз ҷониби мақомоти қудратии минтақа боздошт шудааст. Вай суол мегузорад, ки агар Нуров воқеан дар талоши ғасби ҳокимияти давлатӣ ва пайравӣ ба Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам буд, чаро то соли 2006-ум, ки вай дар Тоҷикистон ба сар мебурд, ба муҷозот кашида нашуд?

Баҳром Шомиров, муфаттиши додситоии Хатлон
Маҳкумият барои ҷиноятҳои созмонёфта

Ва аммо мақомоти додситонии Хатлон мегӯянд, бархе аз афроди боздоштшуда ба гумони ҷонибдорӣ аз гурӯҳи сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев, дар солҳои ахир дар хориҷ аз кишвар, ғолибан Узбакистону Русия будубош карда, бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи созмонёфтаи Худойбердиев ва анҷоми амалиёти тахрибкорӣ дар Хатлон, ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Ахиран додгоҳи вилояти Хатлон Алишер Мавлонов, сокини ноҳияи Шаҳритусро, ки 12 соли ахир дар пайгарди қонунӣ қарор дошта имсол баъди бозгашт ба Тоҷикистон дастгир шудааст, ба 15 сол зиндон маҳкум кард.

Баҳром Шомиров, муфаттиши парвандаи мазкур аз додситонии Хатлон, мегӯяд, тафтишот маълум кардааст, ки Алишер Мавлонов баъд аз муқовиматҳои мусаллаҳона бо нерӯҳои ҳарбии ҳукуматӣ дар соли 1997, ҳамроҳ бо ҷангиёни дигари гурӯҳи Худойбердиев ба ҷумҳурии Узбакистон фирор карда буд:

«Мавлонов Алишер Элмуратович ихтиёран моҳи августи соли 1997 ба гурӯҳи мусаллаҳи устувори ғайриқонунии таъсисдодаи Бабалов Усмонҷон Урақович ва Қулаҳмедов Исмоил, ки ба иттиҳодияи ҷиноятии ташкилкардаи собиқ қумандони бригадаи савораи тирандози зудамали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердиев Маҳмуд Туронович дохил мешуд, дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон шомил шуда, дар ҳайати ин гурӯҳ ба ҷиноятҳои «барои ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ» ва «бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият» даст задааст.
Мавлонов моҳи августи соли 1997 ҷавонони ӯзбекзабони ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматови ноҳияи Шаҳритус, ҷамъ 12 нафарро бо роҳи маҷбуркунӣ ҷамъ карда, аз ҳисоби онҳо гурӯҳи ғайриқонунӣ ва дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Пахтаобод»-и ноҳияи Шаҳритус дидбонгоҳи ғайриқонунӣ таъсис дода, бар зидди нерӯҳои ҳукуматӣ ҷангиданд. Аммо ба муқовимат бо сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тоб наоварда, ба ҷумҳурии Узбакистон мегурезанд…»

Сарнавишти 12 ҷавони дигар мусбат ҳал шуд

Ва аммо аз муфаттиши додситонӣ Баҳром Шомиров пурсидам, ки оё тақдири 12 ҷавони дигаре, ки дар Шаҳритус ба гурӯҳи сарҳанг Худойбердиев пайваста буданд, чӣ мешавад? Вай гуфт:

«Тақдири ин 12 нафар, ки онҳоро иҷборан, зери фишори силоҳ ва ғайри хоҳиши худашон ба гурӯҳи Худойбердиев шомил кардаанд, мусбат ҳал шудааст. Яъне дар ҳаракатҳои ин ҷавонон ҷиноят нест, дар ягон муҳориба ширкат наварзидаанд. Вақте, ки муҳорибаи гурӯҳи Худойбердиев бо нерӯҳои ҳукуматӣ оғоз шуд, онҳо аз ин фурсат истифода карда, баргашта ба хонаҳояшон омаданд ва яроқҳояшонро супурданд…»

Дар соли ҷорӣ ин аввалин мурофиаи додгоҳӣ алайҳи афроди муттаҳам ба пайравии Маҳмуд Худойбердиев дар вилояти Хатлон нест. Додситонии Хатлон мегӯяд, дар соли ҷорӣ додгоҳҳои минтақа 9 парвандаи аъзо ва ҷонибдорони сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиевро баррасӣ карда, афроди гумонбар аз 13 то 15 соли аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG