Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи маргталабона дар бозори Форёб


Ҳамлаи маргталабона дар бозоре дар ғарби Афғонистон дастикам 9 кушта ва ҳудуди 30 захмӣ ба ҷо гузошт. Раҳбари пулиси Халил Андаробӣ гуфт, ҳадафи ҳамла раиси Шӯрои вилояти Форёб Мулло Раҳматуллоҳи Туркистонӣ буд, ки бар асари таркиш ҷароҳат бардоштааст. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳамлаи Форёбро амали зиддиисломӣ хонда, маҳкум кард.
Ҳамзамон, нирӯҳои НАТО хабар доданд, ки тайи 2 рӯзи охир дар Афғонистон бар асари ҳамалоти чирикиҳо ва таркиши бомбҳои канори роҳ 6 сарбози хориҷӣ кушта шуданд. Бино ба ҳисобҳо, бо кушта шудани ин 6 сарбоз ҷамъи асокири хориҷии имсол дар Афғонистон кушташуда ба 622 нафар мерасад.
XS
SM
MD
LG