Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти газ аз Узбакистон бештар шудааст


Узбакистон ҳаҷми интиқоли газаш ба Тоҷикистонро афзуда, ба 25 000 метри мукааб дар соат расондааст. Хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манбаъи худ дар ширкати “Тоҷиктрансгаз” навишт, Душанбе 2,5 миллион доллар қарзи ҷамъшудаи газро баргардонда, 600 000 доллар пешпардохт ҳам кардааст.
То пардохт шудани ин қарз Узбакистон ҳаҷми содироти газаш ба Тоҷикистонро ба ҳадди 12 000 метри мукааб дар сол пойин оварда буд. Мақомоти “Тоҷиктрансгаз” гуфтаанд, 21 000 метри мукааб аз ҳаҷме, ки феълан ворид мешавад, барои таъмини ду корхонаи бузурги ТАЛКО ва “Тоҷиксемент” буда, боқии он ба вилояти Суғд хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG