Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти муштарак дар марзи Афғонистон


Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ширкати нирӯҳои худ дар амалиёти муштарак алайҳи ҷангиёни марбут ба Толибон ва Ал-Қоида дар минтақаи Панҷи марзи Афғонистонро таъйид карданд. Аммо Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон имкони ба ин сӯи Омӯ рахна кардани кадоме аз ин ҷангиёнро радд кард.
Рӯзи панҷшанбе генерал Довуди Довуд, фармондеҳи пулиси вилоёти шимоли Афғонистон хабар дод, ки онҳо тақрибан 35 ҷангиро ба сӯи як ҷангалистони воқеъ дар минтақаи бетарафи марз бо Тоҷикистон танг кардаанд. Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин рӯзи панҷшанбе дар Маҷмаъи умумии ин созмон ба намояндагӣ аз Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД) аз нирӯҳои таҳти фармони НАТО дар Афғонистон даъват кард, “шеваҳои ғайримуассир”-и аз майдонҳои ҷанг дар ҷануби он кишвар ба манотиқи дигар танг кардани ҷангиёнро бас кунанд. Чуркин гуфт, 4 кишвари узви ин созмон – Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистон – аз афзоиши бесуботӣ дар шимоли Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG