Пайвандҳои дастрасӣ

Лан Келлӣ, намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо ироаи як изҳорот дар бораи вазъи расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои ин созмон изҳори нигаронии амиқ кардааст.

Ҷаноби Келлӣ гуфтааст, «Амрико ҳодисаҳои фишор ба расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон ва маҳдуд шудани дастрасии мардум ба васоити ахбори омма дар ин кишварро бо нигаронии ҷиддӣ пайгирӣ мекунад».

Дамиан Вамплер, сухангӯи сафорати Амрико дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳаввулоти ахир дар Тоҷикистон, аз ҷумла аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳо ва озодии матбуот ва фишори афзоянда алайҳи матбуоти мустақил мояи нигаронии ҷиддии Амрико шудааст:

“Мо аз давлати Тоҷикистон даъват мекунем, аз ин роҳ баргардад. Мо аз мақомоти Тоҷикистон ба вижа даъват мекунем, фишор ба чопхонаҳо ва рӯзномаҳоро бас кунад, ба масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои мустақил хотима диҳад ва истифодаи мақомоти андоз ба хотири таъқиби нашрияҳои мустақилро қатъ кунад.“

Ҳайъати Тоҷикистон дар САҲА дар посух гуфтааст, Душанбе кадом сиёсати расмии маҳдуд кардани Интернетро пеш намебарад ва аз чоп бозмондани нашрияҳо низ иллатҳои фаннӣ дорад. Дастрасӣ ба 5 сомонаи интернетӣ - avesta.tj, tojnews.tj, tjknews.com, ferghana.ru ва centrasia.ru аз 29 сентябр масдуд шуда, дар моҳи октябр 3 ҳафтаномаи мустақил – “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” аз нашр бозмонд.

Ду ҳафта пеш намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот Дуня Миятович бо ирсоли як нома ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз вазъи пешомада дар қиболи сомонаҳои интернетӣ ва нашрияҳои мунтақиди давлат изҳори ташвиш кард ва аз Душанбе хост, ӯҳдадориҳои дар чаҳорчӯби САҲа дар мавриди таъмини озодии матбуот бар ӯҳда гирифтаашро иҷро кунад.

Ҳафтае пеш сафирони Амрикову Бритониё, Олмону Фаронса ва намояндаи ИА дар Душанбе низ дар як номаи муштарак ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон хостори ҳалли қазияи омада бар сари сомонаҳои масдудшуда ва нашрияҳо аз чоп бозмонда шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG