Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ширкати нирӯҳои худ дар амалиёти муштарак алайҳи ҷангиёни марбут ба Толибон ва Ал-Қоида дар минтақаи Панҷи марзи Афғонистонро таъйид карданд. Аммо Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон имкони ба ин сӯи Омӯ рахна кардани кадоме аз ин ҷангиёнро радд кард.

Рӯзи панҷшанбе генерал Довуди Довуд, фармондеҳи пулиси вилоёти шимоли Афғонистон хабар дод, ки онҳо тақрибан 35 ҷангиро ба сӯи як ҷангалистони воқеъ дар минтақаи бетарафи марз бо Тоҷикистон танг кардаанд.

Ба гуфтаи генерал Довуд, ҷониби Тоҷикистон низ аз қазия дар ҷараён гузошта шудааст, то дар сурати марзшикании ин гурӯҳи силоҳбадаст нерӯҳои ду кишвар дар амри хунсо кардани онҳо ҳамдастӣ кунанд.

Мақомот: "Тавони ҷилавгирии силоҳбадастонро дорем"

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар роҳи ҷилавгирӣ аз вуруди ҳар гуна гурӯҳҳои марзшикан имконот ва тавоноии кофӣ дар ихтиёр доранд. Аз сӯи дигар, Тоҷикистон узви созмони низомие чун Паймони амнияти дастаҷамъист, ки дар сурати хатари беруна ба яке аз ин кишварҳо, даст ба амал хоҳад зад.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки барои пешгирӣ аз хатари ҳамлаи ҷангиёни марбут ба «Толибон», «Ал-Қоида» ва «Ҳаркати исломии Ӯзбакистон» Тоҷикистон метавонад истодагарӣ кунад.

Бар изофа, аз чанд вақт ба ин сӯ миёни ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Афғонистон ба таври муназзам табодули иттилоъ дар бораи вазъи марз ва ҳаракатҳои гурӯҳҳои парокандаи Толибон ва Ал-Қоида сурат мегирад. Оқои Назриев афзуд, дар сурати ташаннуҷи авзоъ дар марз нерӯҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард.

Таҳдиди гурӯҳҳои тундрав ҷиддитар мешавад

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба нооромиҳои ахир дар Қирғизистон ва хомушии Паймони амнияти дастаҷамъӣ, бархе аз коршиносон ба кӯмаки ин созмон дар сурати ташаннуҷи авзо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шубҳа доранд.

Аммо Қосимшо Искандаров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ин ду қазия, яъне нооромиҳои Қирғизистон ва вазъи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҳам тафовут дорад. Зеро муташанниҷ шудани вазъ дар сарҳадҳои Тоҷикистон ҳамзамон ноором шудани вазъ дар қаламрави кишварҳои узви ин Паймон ва пеш аз ҳама Русия арзёбӣ мешавад. Чунки дар ин сурат масъалаи таҷовуз ба ҳарими ин Паймон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз берун пеш меояд.

Ба эътиқоди коршиноси тоҷик, таҳдиди гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ дар Афғонистон, ки Тоҷикистонро барои худ паноҳгоҳи эҳтимолӣ интихоб хоҳанд кард, бештар ҷиддӣ мешавад. Зеро дар хатти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мавзеъҳое мавҷуданд, ки барои назорати комили онҳо шароит мавҷуд нест.

Масъулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир назорати қитъаҳое, ки гумон меравад гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ аз он ҷоҳо вориди қаламрави Тоҷикистон шаванд, тақвият ёфтааст. Ба ин манзур ба ин қитъаҳои марзбонӣ лавозимоти муосири ҷангӣ, дастгоҳҳои махсус барои назорати марз ҳангоми шаб ва дар фазои туман дода шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG