Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори кушташудаҳо дар Дараи Одамхел ба 50 расид


Шумори афроди кушташуда бар асари таркиши бомб дар аснои намози ҷумъа дар масҷиди Дараи Одамхел, дар наздикии Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Паштунхва дар шимолуғарби Покистон, ба дастикам 50 нафар расида, теъдоди захмиён 80 нафар шудааст. Шаҳидуллоҳ, як мақоми маҳлалӣ гуфт, инфиҷор ҳамлаи маргталабона будааст. Бино ба хабарҳо, ҳадафи ҳамла як раҳбари қабилаи маҳаллӣ буд, ки мардумро алайҳи Толибон ташвиқ мекард. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки худи Малик Валихон ҳам дар ин ҳамла осебе дидааст ё хайр.
XS
SM
MD
LG