Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими дафни ҷанозаи Черномирдин


Рӯзи ҷумъа дар оромгоҳи Новодевичии шаҳри Маскав маросими дафни ҷанозаи сарвазири собиқи Русия Виктор Черномирдин баргузор шуд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар маросими видоъ гуфт, Черномирдин дар авоили солҳои 90 дар душвортарин марҳалаи таърихи Русия ба раҳбарии кобинаи вазирон омад ва ин масъулиятро бо сари баланд иҷро кард: “Виктор Степанович Черномирдин, бидуни шубҳа, аз барҷастатарин сиёсатмадорони Русияи муосир ва яке аз тавонотарин ходимони давлатии 20 соли охир аст.”
Виктор Черномирдин рӯзи 3 ноябр дар синни 72 аз олам чашм пӯшид. Ӯ аз соли 1992 то 1998 сарвазири Русия ва аз соли 2001 тайи 8 сол сафири Русия дар Украина буд.
XS
SM
MD
LG