Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба як масҷид дар шимолуғарби Покистон


Таркиши бомб дар масҷиде дар шимолуғарби Покистон дастикам 20 кушта ва 30 захмӣ ба ҷо гузошт. Инфиҷор дар Дараи Одамхел, минтақае дар наздикии сарзаминҳои қабиланишини Покистон, ки ҷангиёни исломӣ дар он фаъоланд, рух додааст.
Саидхон, як мақоми маҳаллӣ гуфт, таркиш дар аснои намози ҷумъа ба як масҷиди сунниҳо асобат кардааст.
Ӯ афзуд, тафтишот ҳамлаи интиҳорӣ будан ё набудани ин ҳамларо таҳқиқ мекунад. Тайи моҳҳои охир дар Покистон чандин масҷиду мазорҳои аҳли тасаввуф дар Покистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG