Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 13 тан бо гумони ҷосусӣ дар Гурҷистон


Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, як ҳалқаи бузурги ҷосусии Русияро ошкор ва 13 нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русия ҳабс кардаанд. Вазорати умури дохилаи Гурҷистон гуфт, 4 тан аз боздоштшудагон шаҳрвандони Русия буда, дар ҷараёни амалиёти густардаи иктишофӣ даҳҳо танеро ошкор кардаанд, ки ГРУ, идораи кашфи низомии Русияро бо иттилооти махфии низомӣ таъмин мекарданд.
Отар Орҷоникидзе, муовини раҳбари идораи иктишофии Гурҷистон гуфт, аксари боздоштшудаҳо халабонҳои низомианд, ки ГРУ, идораи кашфи низомии Русияро бо иттилооти махфии низомӣ таъмин мекарданд: “Асоси комёбии амалиётро як қарори 4 соли пеши ҳукумат гузошт. Ин қарор афви афроди ба ҳамкории худ бо хадамоти махфии хориҷӣ иқроркардаро дар назар дорад.”
Ду сол қабл Русияву Гурҷистон бар сари вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ вориди ҷанги кӯтоҳе шуданд. Дар пайи ин ҷанги кӯтоҳ Маскав истиқлолияти ҳам Осетияи ҷанубӣ ва ҳам Абхозистон, вилояти дуввуми ҷудоихоҳи Гурҷистонро ба расмият шинохт.
Хабари боздошти ин афрод дар Гурҷистон дуруст дар рӯзи иди касбии хадамоти кашфи низомии Русия эълон шуд.
XS
SM
MD
LG