Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳсонуғлу: "Бадбинӣ нисбат ба ислом авҷ гирифтааст"


Дабири кулли Созмони Конфаронси исломӣ, ки 58 кишвари мусалмониро муттаҳид мекунад, гуфт, бадбинӣ нисбат ба ислом монанди яҳудибадбинии солҳои 30 авҷ гирифтааст. Акмалиддин Эҳсонуғлу дар сӯҳбат бо Франс Пресс гуфт, бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирони мусалмон бавижа дар Аврупо мушоҳида мешавад.
Ӯ афзуд, сиёсатмадорон ба хотири касби орои бештар гурӯҳҳои ифротгароро бо шиорҳои зиддимусалмонӣ таҳрик медиҳанд. Дабири кулли бузургтарин созмони кишварҳои исломӣ гуфт, “пандемияи зиддиисломӣ” дар саросари олам пайваста дар ҳоли афзоиш аст.
XS
SM
MD
LG