Пайвандҳои дастрасӣ

Обама барои 10 рӯз ба сафари Осиё мебарояд


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи ҷумъа Вошингтонро ба қасди сафари даҳрӯзаи қораи Осиё тарк мекунад. Ӯ тайи ин силсиласафар аз Ҳинду Индонезия, Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон боздид хоҳад кард.
Интизор меравад, дар Ҳинд, ки ба як шарики муҳиму бузурги тиҷории Амрико табдил мешавад, Барак Обама барои содироти молҳои амрикоӣ имтиёзҳое бипурсад. Обама сафараш ба Ҳиндро аз Мумбай, ҳадафи ҳамлаҳои ҷангиёни исломӣ дар ноябри соли 2008, ки беш аз 160 кушта ба ҷо гузошт, оғоз мекунад. Ба дунбол, Обама аз Индонезия, ки дар даврони тифлӣ 4 солро дар он кишвар ба сар бурдааст, дидан карда, сипас дар Кореяи ҷанубӣ дар нишасти сарони гурӯҳи G20 ва дар ниҳоят дар Ҷопон дар иҷлоси раҳбарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву Уқёнусия ширкат хоҳад варзид.
XS
SM
MD
LG