Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои қарордодҳои муҳим байни Порису Пекин


Фаронсаву Чин ҷиҳати роҳандозии равобити, ба гуфтаи ду ҷониб, “стротежӣ” дар риштаи нирӯи ҳастаии ғайринизомӣ тавофуқ кардаанд. Ин тавофуқ дар рӯзи аввали боздиди серӯзаи раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао аз Фаронса эълон шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз байни Порису Пекин қарордодҳои нав ба маблағи 20 миллиард доллар имзо шуд. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ гуфт, Фаронса ба ҳамкории бениҳояти стротежӣ бо Чин дар бахши нирӯи ҳастаӣ ҳавасманд аст.
Аз Саркозӣ интиқод карданд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Чинро баҳс накардааст. Ӯ дар посух гуфт: “Ин ҳама дар меҳвари муколамаи байни Фаронсаву Чин ҳаст. Ин муколама ҳадду марз ё мавзӯъи мамнӯъ надорад.”
Тибқи барномаи ҳамкорӣ, ширкати фаронсавии “Areva” ҷиҳати таъмини Чин бо ураниум ба маблағи 3,5 миллиард доллар қарордод имзо кард. Созишномаи дигар фурӯши беш аз 100 ҳавопаймои “Airbus” ба Чинро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG