Пайвандҳои дастрасӣ

БМТ фоизи баргаҳои вомро 0,25% боло бурд


Бонки миллии Тоҷикистон(БМТ) барои нахустин бор дар соли ҷорӣ фоизи баргаҳои вомро тағйир дод. Фоизи баргаҳои вом акнун 0,25 дарсад афзуда, 8,25 дарсад шудааст. Тайи соли 2009 Бонки миллии Тоҷикистон ба хотири муқобила бо асароти бӯҳрони молӣ фоизи баргаҳои вомашро 4 маротиба пойин бурд, ки дар натиҷа аз 13, 5 дарсади моҳи январи соли гузашта дар поёни моҳи июни ҳамон сол ба 8 дарсад расид.
Фоизи баргаҳои вом як фишанги муҳим дар дасти Бонки миллист, ки фоизи қарзҳои бонкӣ ва ҳам фоизи депозитҳо бар асоси он таъйин карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG