Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ZiJin Mining дар Суғд корхонаи тилошӯӣ месозад


Ширкати чиноии ZiJin Mining Group мехоҳад бо сохтани як корхонаи нави тилошӯӣдар вилояти Суғд тавлидоти тило аз конҳои Тоҷикистонро ба 4 тонна дар сол бирасонад. Манобеъи хабаргузории “Авасто” дар вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфтаанд, ин ширкат, ки аксари саҳмияҳои корхонаи тилои “Зарафшон” дар Панҷакентро дар ихтиёр дорад, корхонаи нави тилошӯияшро соли 2011 бунёд хоҳад кард. “Зарафшон” то кунун тасфияи маъдани истихроҷиро дар корхонаи “Востокредмет”-и шаҳри Чкаловск анҷом медод.
Бо ин ҳол, имсол тавлиди тило дар Тоҷикистон 55 дарсад афзуда, то имрӯз ба 1,3 тонна расидааст.
XS
SM
MD
LG