Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 нафар дар ағбаи Шаҳристон


Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар гарданаи Шаҳристон, 10 нафар ҷони худро аз даст додааанд. Анзур Раҷабов, як корманди нозироти нақлиёт дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса шаби 3-юм ба 4-уми ноябр дар гардишгоҳи дуввуми ағбаи Шаҳристон аз сӯи Истаравшан ба ҷониби Айнӣ рух додааст.

Вай афзуд, бинобар резиши барфи зиёд, яхбандии роҳ ва тумани ғафс, ронандаи мошини сабукрави навъи" Musso" аз масир хориҷ шуда ба жарфнои 300 метрӣ сарозер шудааст.

Ҳамин манбаъ афзуд, аз 10 нафар мусофири ҳалокшуда 2 нафарашон аз ноҳияи Панҷакент, 1 нафар аз ноҳияи Айнӣ ва 7 нафари боқимонда аз ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд будаанд.



Ба гуфтаи ин мақом, айни замон шахсияти ин мусофирон таҳқиқ мешавад. Насаби яке аз фавтидагон Тӯйчиев аз деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ гуфта мешавад.

Яке нафар аз пайвандони ӯ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ хабари ҳалокати 10 нафар дар ин садамаро таъйид кард ва гуфт, дар миёни кушташудагон ду кӯдак низ ҳаст.

Мусофирон ва ронандагон мегӯянд, минтақаи гарданаи Шаҳристони шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар фасли сармо бар асари резиши барф ва яхбандӣ хатарнок гардида, боиси садамаҳо ва ҳалокати ронандагону мусофирон мешавад. Зеро, мегӯянд онҳо, бинобар камбуди техникаи поккорӣ роҳи ағба банд ва муҷиби садамаҳои зиёд мегардад.

Нарзулло Рӯзиев, як тан аз ронандагони мошини боркаш, ки беш аз 10 сол боз дар масири Кӯҳистони Мастчоҳ-Панҷакент равуо доштааст, мегӯяд, дар фасли тирамоҳу зимистон роҳсозон роҳро омода намекунанд ва барфи зиёде ҷамъ шуда, роҳро мушкилгузар мекунад. Аз дигар сӯй яхбандиҳои зиёд ва туман боиси садама мешавад.
XS
SM
MD
LG