Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ва Кореяи Шимолӣ ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд


4-уми ноябр дар шаҳри Тошканд бозиҳои ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола баргузор шуданд.

Нахуст дар варзишгоҳи «Пахтакор» дастаи мизбон - Узбакистон бо мунтахаби Австралия рақобат кард. Ин бозӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 ба охир расид.

Сипас дар ҳамин варзишгоҳ бозии дуввуми ниманиҳоӣ байни дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Ҷопон баргузор шуд. Ин бозӣ низ бо ҳисоби 2:1 бо ғалабаи футболбозони навраси Кореяи Шимолӣ хотима ёфт.

Ба ин тартиб дастаҳои Узбакистон ва Кореяи Шимолӣ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Бозии ниҳоӣ 7-уми ноябр соати 14 дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Тошканд баргузор мешавад.

Чаҳор дастаи беҳтарини қора – Узбакистон, Кореяи Шимолӣ, Австралия ва Ҷопон ба сабқати ҷаҳонии футболбозони наврас, ки соли 2011-ум дар Мексика доир хоҳад шуд, роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, дастаи Тоҷикистон, ки дар сабқати гурӯҳӣ бозиро бо тими Урдун бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, баъдан аз мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 1:4 ва дастаи Узбакистон бо ҳисоби 1:8 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.
XS
SM
MD
LG