Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон барои нодорон дар Душанбе бемористон боз мекунад


Бино ба хабарҳои матбуотӣ, ҷамъияти Ҳилои Аҳмари Эон омода аст дар пойтахти Тоҷикистон барои қишрҳои нодори аҳолӣ бемористоне боз кунад. Дар ин бора сафоратхонаи Эрон дар Душанбе ба матбуот хабар додааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло ҳайате аз ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон барои интихоби бинои ин бемористон дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад. Ин ҳайат дар Душанбе дар дафтари ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро низ баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG