Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вулкани Индонезия беш аз 30 нафар кушта шуданд


Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи вулкан дар кӯҳи Мерапии Индонезия беш аз 30 нафар кушта шудаанд. Дар гузоришҳо омадааст, дар як силсила вулканҳо, ки вақтҳои ахир рух додааст, тақрибан 80 нафар ба ҳалокат расидаанд. Хабагузории Ассошиейтед Пресс, иттилоъ додааст, ки ҷасади 35 нафар ба бемористон интиқол ёфтааст. Аз маҳали ҳодиса ҳазорон нафар ба ҷойҳои дигар кӯч дод а шудаанд. Вале то ҳол рӯшан нашудааст, ки чаро баъд за вулкани 26-ӯми октябр аҳолии маҳаллоти наздик ба вулканро ба ҷойҳои дигар кӯч надодаанд ва он сабаби марги беш аз 30 нафар шудааст.
XS
SM
MD
LG