Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон эъдоми ҳатмии Сокинаро рад мекунад


Эрон гузоришҳоро дар ин бора, ки хонум Сокина Муҳаммадии Оштиёниро барои зино ва ширкат дар куштори шавҳараш ҳатман ба қатл мерасонад, рад кард. Сокина дар оғоз маҳкум ба сангсор шуда буд, вале баъд аз вокунишҳои байналмиллалӣ ин ҳукми додгоҳ ба ҳолати таълиқ даромад. Кумитаи байналмиллалии зидди сангсор марказаш дар Олмон мегӯяд, ин ҳафта хабаре дарёфт кардааст, ки Сокинаро ба дор мекашанд. Рӯзи панҷшанбе сафоратхонаи Эрон дар Лондон дар эъломияе эъдоми ҳатмии оштиёниро рад кард ва гуфт, то ҳол масъалаҳои қонунии ин парванда дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG