Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронсаву Чин ба арзиши $ 20 млд қарордод имзо карданд


Дар оғози боздиди серӯзаи давлатии Ҳу Ҷинтао-раҳбари Чин аз Фаронса ширкатҳои чинӣ ва фаронсавӣ ба арзиши 20 миллиард доллар як силсила қарордодҳои ҳамкорӣ имзо карданд. Ин қарордодҳо дар Кохи Елисӣ ба имзо расиданд. Ба ин қарордодҳо дар ихтиёри Чин гузоштани 102 Аэробус, сохтмони корхонаи сӯхти ҳастаӣ ва таъмини он бо уран дар давоми 10 соли оянда дар Чин дохил мешавад. Ҳу Ҷинтао ва Никола Саркозӣ-раҳбарони ду кишвар дар эъломияи муштарак гуфтаанд, ки 20 кишвари санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ-20 ба таҷдид дар низоми молии байналмиллалӣ ниёз дорад. Ҳафтаи оянда Фаронса раёсати кишварҳои Ҷӣ-20-ро бар ӯҳда мегирад.
XS
SM
MD
LG