Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии СПАД аз ташдиди бесуботӣ дар шимоли Афғонистон


Русия ва 6 кишвари Шӯравии собиқ аз нируҳои НАТО дар Афғонистон дархост карданд, ки ба "тактикҳои ғайримуассир"-и худ барои аз маҳали амалиёт дар ҷануби Афғонистон ба минтақаҳои дигар гурезонидани тундравҳо хотима диҳанд. Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ зимни суханони худ дар Маҷмаи Умумии СММ аз номи чаҳор кишвари узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, яъне Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистон гуфт, ки онҳо аз ташдиди бесуботӣ дар шимоли Афғонистон нигаронанд. Дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Арманистон ва Беларус низ низ узвият доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG