Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ва Озарбойҷон қарордоди иҷоди мушак имзо карданд


Дар ҷараёни боздиди Ваҷдӣ Конул-вазири дифои Туркия аз Озарбойҷон ин ду кишвар дар Боку ба тавофуқ расидаанд, ки ба таври муштарак мушак месозанд. Вазири дифои Туркия дар Боку аз 2 то 4-ӯми ноябр бо Илҳом Алиев-раиси ҷумҳур ва соири муқомоти Озарбойҷон мулоқот кард. Як хабаргузории Озарбойҷон иттилоъ додааст, ки вазири дифои ин кишвар бо ширкати Рокетсани Туркия дар бораи тавлиди баъзе аз қисматҳои як мушаки туркӣ қарордод имзо кардаанд. Дар бораи ҷузъиёти ин қарордод хабар дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG