Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттишони додситонии қирғизро тафтиш мекунанд


Дар Бишкек-пойтахти Қирғизистон ду муфаттиши аршади додситонии шаҳрӣ барои суистифода аз мақом муттаҳам дониста шуданд. Анатолий Хедай ва Алтинбек Намазалиев ба он муттҳам мешаванд, ки ба таври ғайриқонунӣ ҳособҳои бонкии мамнӯи хешовандони Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршудаи ин кишварро дубора барои истифода иҷоза додаанд. Додситонии кулли Қирғизистон эълон кард, ки расидагӣ ба ин қазия 12-ӯми октябр шурӯъ шудаааст. Ҳоло Намазалиев дар ҳабси хонагӣ ва Хедай дар боздоштгоҳи муқаддамотӣ қарор доранд. Баъд аз барканории Боқиев дар моҳи апрел ҳукумати муваққатӣ истифода аз ҳамаи ҳисобҳои бонкии вай ва хешовандонашро мамнӯъ эълон кард.
XS
SM
MD
LG