Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Қирғизистон аз парвандаҳои вакилони нав хабар дод


Додситони кулли Қирғизистон, Қубатбек Байболов, мегӯяд, зидди чанд вакили тозаинтихоби порлумони кишвараш парвандаҳои ҷиноӣ вуҷуд доранд. Вай афзуд, акнун онҳо аз дахлнопазирии узви порлумон бархӯрдоранд ва танҳо замоне мавриди иттиҳом қарор гирифта метавонанд, ки порлумон онҳоро аз чуни масуният маҳрум кунад. Ба гуфтаи Байболов бархе аз вакилони нави порлумон дар давраи корашон дар вазифаҳои давлатӣ дар фасоду ришват ва бархи дигар дар ангезиши хушунатҳои байниқавмӣ дар ҷануби кишвар даст доштаанд. Додситони кулли Қирғизистон гуфт, ба зудӣ далелҳои ин парвандаҳоро ба аъзои порлумон пешниҳод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG