Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар минтақаи ҳоили марзи Тоҷикистон


Дар шимоли Афғонистон ва наздикии марзи Тоҷикистон амалиёти вижаи нерӯҳои давлати Афғонистон алайҳи як гурӯҳи мусаллаҳ идома дорад. Дар ин бора фармондеҳи пулиси минтақаи шимоли Афғонистон, генерал Довуди Довуд, имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Кобул иттилоъ дода, гуфт, гурӯҳи мазкур тақрибан аз 35 ситезаҷӯи марбут ба Ал-Қоида ва Толибон иборат аст, ки дар як ҷангалистони воқеъ дар як минтақаи ҳоили марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон мавқеъ гирифтаанд. Вай афзуд, дар бораи қазия ба ҷониби Тоҷикистон низ иттилоъ дода шудааст, зеро имкони ба он сӯи Омӯ фирор кардани ҷангиён мавҷуд аст. Генерал Довуд ин гурӯҳро таҳдиди муштарак ба ҳарду кишвар унвон кард. Фармондеҳи пулиси минтақаии шимоли Афғонистон ҳамчунин гуфт дар амалиёти ахири поккорӣ дар шимолии ин кишвар як ситезаҷӯи тоҷикистонӣ низ кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG