Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи байналмилалии молӣ дар гузориши наве таҳти унвони “Пешбурди тиҷорат дар соли 2011: тағйирот дар кори соҳибкорон” вазъи тиҷорат дар Тоҷикистонро назар ба соли гузашта беҳтар унвон карда, мавқеи ин кишварро 13 зина боло, ба ҷойи 139-ум бурдааст.

Муаллифони ин гузориш мегӯянд, Тоҷикистон имсол дар феҳрасти даҳ кишваре шомил шуд, ки иқтисоди онҳо бештар аз давлатҳои дигари ҷаҳон пешрафт кардааст. Ба ин гурӯҳ исми Қазоқистон, Маҷористон, Руандаву Перу, Вйетнаму дигарҳо шомил ҳастанд.

Гузориши марбут ба пешбурди тиҷорат дар 183 давлати ҷаҳон мегӯяд, ки дар давоми ҳашт соли охир давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аз назари анҷоми ислоҳот дар муқаррароти марбут ба кори ширкатҳои тиҷоратӣ назар ба нуқоти дигари ҷаҳон фаъолтар будаанд.

Ба он маъно, ки ҳамакнун дар ин кишвар шурӯи тиҷоратӣ, ҳимояи сармоягузорон ва пардохти молиёт назар ба гузашта осонтар шудааст. Гузориш ҳокист, ки як қатор давлатҳо барои таъмини ҳамоҳангии беҳтари сохторҳои иқтисодиашон ниҳодҳои вижаи ислоҳотталабро таъсис дода аз машваратҳои ин гузориш дар амри беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ истифода кардаанд.

Ситоиш аз тарҳи “Равзанаи ягона”

Тоҷикистон дар гузориши соли гузаштаи Иттиҳодияи байналмилалии молӣ барои тавассути “Равзанаи ягона” соддатар кардани сабти номи муассисаҳои тиҷоратӣ ситоиш шудааст. Вале яке аз масоили мавриди танқиди ин гузориш ин аст, ки Тоҷикистон ҳамоно давлатҳое номбар мешавад, ки дар роҳи гирифтани иҷозаи сохтмон барои соҳибкор мушкил эҷод мекунанд. Аз ин назар ин кишвар дар раддаҳои поён қирор дорад..

Ҳарчанд дар саросари ҷаҳон баъди бӯҳрони иқтисодии соли 2009 имконияти ширкатҳои тиҷоратӣ барои дарёфти қарзи бонкӣ 74 дар сад кам шудааст, вале дар Тоҷикистон ҳамеша мисли Сурия ё Венесуэла гирифтани қарз барои шурӯи кори тиҷоратӣ хеле сахт будааст.

Ҳасан Алиев, мутахассиси Бонки ҷаҳонӣ, ки дар таҳияи ин гузориш саҳм дорад, мегӯяд, мушкилоти зербиноӣ, мисли камбуди барқу об ва масоили “дорои ранги сиёсӣ”, монеи кори соҳибкорон дар Тоҷикистон мешаванд. Вай ба унвони мисол ба банд шудани борҳои тоҷирон дар хоки Ӯзбакистон таъкид кард, ки як соли охир пайдо шудааст.

Зафар Абдуллоев, иқтисоддон ва раҳбари ширкати "Медиа-Алянс", мегӯяд, мушкили аслии риштаи хусусии Тоҷикистон баланд будани мизони молиёт аст
Шубҳаи коршиносони бахши иқтисод

Иттиҳодияи байналмилалии молӣ таъкид мекунад, ки дар гузориши худ бештар ба шароити ҳуқуқии кори соҳибкорҳо баҳо дода, омилҳои берунаи таъсиргузор ба кори тиҷорат, мисли фасоду ришватро таҳлил накардааст. Вале коршиносони тоҷик мегӯянд, маҳз ҳамин нукта боиси дар ҳақиқат дигаргуна будани шароити воқеии кори тиҷорату соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мешавад.

Ихтисоси раҳбари ширкати “Медиа-Алянс” журналист Зафар Абдуллоев иқтисодшиносӣ аст. Вай гуфт, ки мушкили аслии риштаи хусусии Тоҷикистон ҳамоно баланд будани мизони молиёт мебошад.

Вай гуфт: “Ҳар соҳибкор ё ширкат 40 то 50 дарсади даромади худро ҳангоми пардохти андоз аз даст медиҳад, ин ҳам дар ҳоле, ки вай як қатор сарфу харҷи нонавишта дошта, рақобати бозор носолим аст. Кори тиҷорат дар Тоҷикистон хатар ё риски зиёд дорад, аз ҳамин хотир ҳам дар ин кишвар риштаи хусусӣ ҳоло пешрафт накардааст. Бисёриҳо бо ҳамин сабаб танҳо тиҷорату савдо мекунанд, ки каме ҳам бошад даромад дошта бошанд”.

Мушкилоти нонавиштаи соҳибкорони тоҷик

Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, дар Тоҷикистон ба роҳ мондани кори тавлиду фурӯши моли саноатӣ ба хотири серхарҷу бедаромад буданаш оянда надорад. Вай афзуд, низоми ношаффофи хариду фурӯши замин дар Тоҷикистон ва баланд будани фоизҳои бонкӣ кори ширкати тиҷоратиро аз аввал нобарор мекунад. Зафар Абдуллоев гуфт, инчунин вуҷуди як қатор мушкилоти нонавиштаи пеши роҳи соҳибкорони тоҷик боиси ба кори пинҳониву соягӣ гузаштани бисёри онҳо шудааст:

“Барои соҳибкор беҳтар аст, ки муомилоти бузургтари худро пинҳон карда ба ҷоии мубориза бо ришват худ аз роҳи фасод корро ба роҳ монад. Масъалаи дигар вуҷуди ҳақсинтониҳои маъмурӣ ва ё давлатӣ дар зери чатри ҳар гуна маъракаҳои калони давлативу патриотӣ аст, ки бо ҳадафҳои идеологӣ ба роҳ монда мешавад. Соҳибкорҳо ба иловаи андозу пора ҳангоми пешбурди кори тиҷорату савдо инчунин аз даромадҳои калони худ дар ингуна маъракаҳо маҳрум мешаванд. Барои ҳамин, соҳибкор аслан манфиатдор нест, ки молашро таблиғ ё худро реклама кунад. Яъне ҳеҷ чиз ба фоидаи соҳибкор нест”.

Як соҳибкори дигар бидуни бурдани номаш гуфт, касе мехоҳад дар Тоҷикистон як кори ҷиддии тиҷоратиро ба роҳ монад, бояд дарк кунад, ки барои тақвияту пешбурди кор бояд ҳатман бо нафарони тасмимгирандаву муҳими давлатӣ даромади худро тақсим кунанд. Вагарна наметавонанд танҳо аз рӯи қонун ва ё муқаррароти соҳибкорӣ тиҷорати худро пеш барад. Вай афзуд, мисли дигар соҳаҳо дар бизнеси Тоҷикистон ҳам, қонун на ҳамеша дар мадди аввал қарор дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG