Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти соҳибкорон дар ду шаҳри Украина


Ҳазорон нафар аз соҳибкорон дар Украина имрӯз зидди ислоҳоти андоз дар ин кишвар тазоҳурот барпо карданд. Онҳо мегӯянд, ин ислоҳот фаъолияти ширкатҳои хурдро баҳам хоҳад зад. Хабаргузории Франс-Пресс мегӯяд, наздик ба 2000 нафар дар назди бинои порлумони Украина дар Киев ҷамъ омада, радди ин ислоҳотро талаб доранд. Инчунин 2 500 ҳазор нафари дигар дар шаҳри ғарбии Лвов бо айни талабҳо даст ба тазоҳурот задаанд. Ҳукумат тарҳеро пешниҳод кардааст, ки бино бар он молиёти бархе аз анвои соҳибкориро ба маротиб афзоиш ёфта, шумораи ширкатҳое, ки аз низоми содаи андоз бархӯрдоранд, камтар мекунад.
XS
SM
MD
LG