Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти ширкати «Сангоб»-и Эрон гуфтаанд, ки ба кор андохтани нахустин чархаи нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар фасли зимистони соли ҷори ғайримумкин аст. Душанбе ба тавлидоти нахустин чархаи ин нерӯгоҳ дар фасли сармои имсола умед баста буд.

Саид Асғарӣ, раиси ширкати "Сангоб", ки ба сохтмони ин нерӯгоҳ бо сармояи Эрон машғул аст дар ин бора гуфт :

«Супурдани як воҳид агрегати Сангтӯда-2 дар зимистони имсол аслан имконпазир нест ба ин далел, ки кори васлу насби таҷҳизот тоза шурӯъ шуда аст. Бар асоси қарордоди имзошуда, ин нерӯгоҳ дар моҳи феврали 2012 бояд мавриди истифода қарор гирад, вале мо талош дорем ин корро пеш аз мӯҳлат иҷро кунем. Аммо ин ҳам маълум нест, зеро дар сохтмон иттифоқоте ба вуҷуд меояд, ки хориҷ аз масуълияти мо ва давлати Тоҷикистон аст»

Монеаҳо дар кори сохтмони нерӯгоҳ

Ҷаноби Асғарӣ гуфт барои мисол ба далели банд мондани таҷҳизоти колоҳои мо дар марзи Узбакистон, шаш моҳ мӯҳлатро аз даст додем. Аммо ҷаноби Асғарӣ тайид кард, ки дар 28-уми моҳи ҷорӣ ба бастани маҷрои рӯдхона ва сохтмони баданаи садд шурӯъ хоҳанд кард.

Вай афзуд: «Дар ин бора мо тавофуқ кардаем ва ҳама шароитро фароҳам хоҳем кард то дар ин таърих ин корҳо сурат бигирад то мо ба сохтмони баданаи садд шурӯъ кунем.»

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи Тоҷик» мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва 20 нерӯгоҳи кӯчаки дигар камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои пешинро аз 4 миллиард то 2 миллиард киловат соат коҳиш додааст ва ба ин шумор пайвастани нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда метавонист шиддати бӯҳрони барқро боз ҳам камтар кунад:

«Дар ҳоли ҳозир камбуди барқ ҳудуди 2 миллиард кв соат аст ва ба ин далел мо маҷбур шудем режими барқрасонӣ дар навоҳии ҷумҳуриро ҷорӣ кунем».

Бо ин ҳол, ба гуфтаи мақомоти «Барқи Тоҷик», имсол режими барқрасонӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои ҷумҳури ҷорӣ нахоҳад шуд ва навоҳии ҷумҳурӣ дар шабонарӯз аз 10 то 12 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин хоҳад шуд.

Вазъи беҳтар аз солҳои гузашта

Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноии Тоҷикистон ба таъкид аз беҳтар шудани шароити барқрасонӣ ба мардум имсол нисбат ба солҳои пешин гуфт:

«Обанбори Норак нисбат ба соли гузашта ҳудуди 1 метр аз меъёр зиёд об дорад. Ва имсол мо ба пур кардани обанбори Сангтуда шурӯъ кардем. Ҳамчунин истифода аз нерӯи силсиланерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Вахш имкон медиҳад барқрасонӢ ба мардум нисбат ба соли гузаштаро беҳтар кунем».

Ба гуфтаи вазорати энержӣ ва саноӣ, дар сурати ба истифода додани нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки 220 меговат тавоноӣ дорад, камбуди барқ дар фасли зимистон барои мардумро ба маротиб коҳиш хоҳад дод.

Мақомоти ширкати «Сангоб»-и Эрон, ки сохтмони ин нерӯгоҳро ба ӯҳда дорад мегӯяд, ки фақат сар аз соли 2012 имкони ба истифода додани ин нерӯгоҳ вуҷуд дорад. Вале ба қавли вазорати энержӣ ва саноӣ, ба кор андохтани чархаи якуми ин нерӯгоҳ дар соли оянда вазъи барқрасонӣ ба мардум дар зимистони ояндаро то се соат бештар хоҳад кард.

Бо ин ҳол, гуфтугӯҳои Душанбеву Тошканд бар сари воридоти барқи Туркманистон ба Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон то кунун ба натиҷае нарасидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG