Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмонҳои хабарии Тоҷикистон аз нашри шумораи нави ҳафтаномаи «Фараж» дар таркиби нашрияи «Факти и комментарии» -и чопи Душанбе истиқбол карданд. Ин ҳафтанома, ки тайи як моҳи ахир аз нашр бозмонда буд, ин ҳафта тавонист ба дасти муштарӣ ва ҳаводорони худ бирасад.

Аммо масъулони ин созмонҳои хабарӣ мегӯяд, бо онки нашрияи «Фараж» дар таркиби нашрияи «Фактии комментарии» ба чоп бирасад ҳанӯз мушкили тавқифи чопи нашрияҳои мустақил аз ҷумла худи ин нашрия ва ҳафтаномаҳои «Пайкон» ва «Нигоҳ» низ роҳи ҳалли худро пайдо накардааст.

Мушкили аслӣ ҳанӯз ҳал нашудааст

Акбари Саттор-раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон мегӯяд аз он, ки «Фараж» ин ҳафта ба унвони меҳмон дар нашрияи дигар ба нашр расидааст на ба он маъност, ки ҳафтаҳои минбаъда низ битавонад мунташир шавад. Зеро то кунун асли қазия ва решаи аслии мушкилии аз чоп бозмондани ин нашрия рӯшан нашудааст. Аз тарафи дигар як нашрия наметавонад ба таври пайваста ба унвони меҳмон дар таркиби нашрияҳои дигар чоп шавад.

Ин нуктаро Мухтор Боқизода-раиси Бунёди гиромидошти рӯзноманигорони Тоҷикистон низ таъйид кард, ки роҳеро, ки масъулони нашрияи «Фараж» пеш гирифтаанд як тадбири муваққатӣ ва ночорӣ аст. Зеро мегӯяд оқои Боқизода, ҷудо аз чопи ин ва ё он нашрияи ба мушкилдучоршуда, масоили дигаре чун харҷу масрафи нашри нашрияҳо имкон намедиҳад, ки ин тарзи чоп ҳамеша идома ёбад. Гузашта аз ин, ҳар нашрия доираи хонанда ва харидори худ ва низ теъдоди муайяни чопро дорад, ки намешавад аз ин масъала низ сарфи назар кард.

Вазорати хориҷа номаи сафиронро меомӯзад

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони чопхонаи «Оила-принт», ки ҳафтаномаи «Фараж»-ро дар таркиби « Факти и комментарии» чоп кардаанд мегӯянд, онҳо ҳоло ҳозир нестанд, ки « Фараж»-ро ба таври ҷудогона ба чоп бирасонанд. Як нафар аз масъулони ин чопхона, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, ки нашрияи « Фараж» баъди пардохти қарзҳои худ ба ин корхона метавонад масъалаи чопи такрории худро дар миён гузорад. Вале ин масъули чопхона афзуд аз кадом ниҳод ва мақоме дастур ва амри чоп накардани ин нашрия ва кадом нашрияи дигарро нагирифтаанд.

Ва аммо ин ҳама сӯҳбатҳо дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар ҳафтаи гузашта чанде аз сафирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА бо ирсоли як нома ба унвони вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз мушкили пешомада дар роҳи чопи се нашрияи мустақил «Фараж», «Пайкон» ва Нигоҳ» ва масдуд шуданидастрасӣ ба бархе аз сомонаҳои интернетӣ аз ҷумла «Авест.тҷ», Тоҷнюс» Сетарзия.ру», «Фургана.ру» ва ТҶК.нюс.ком» изҳори нигаронӣ карданд. Дар ин нома аз мақомоти Тоҷикистон даъват мешуд, ки аз фишор болои васоити ахбори умум ҷилавгирӣ ва ба чопу дастрасии онҳо мусоидат карда шавад.

Давлат Назриев-сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки номаи сафирони кишварҳои мазкур дар ҳоли ҳозир мавриди баррасии мақомот қарор дорад. Вале афзуд оқои Назрӣ, ки аз сӯи ҳеҷ яке аз ниҳодҳои расмӣ супориш ва ё дастур барои манъи чопи нашрияҳо ва масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ иттихоз нашудааст.

Дар интизори посухи мақомот

Зимнан масъулони нашрияҳои «Пайкон» ва «Нигоҳ» дар сӯҳбат бо Озодӣ таъйид карданд, ки ҳеҷ гуна талош барои чопи рӯзномаҳои худро бо шеваҳои ғайримаъмулӣ анҷом нахоҳанд дод. Онҳо гуфтанд, ки мунтазири посухи расмии мақомот дар ҳалли қазияи пешомада ҳастанд.

Ҷумъабой Толибов- сармуҳаррири «Пайкон» гуфт, ин имкон вуҷуд дорад, ки як ё ду шумораи нашрияро ҳатто дар чопхонаҳои ноҳиявӣ мунташир кунанд, вале ин роҳи ҳалл нахоҳад буд ва ҳамин тавр масъулони «Нигоҳ» низ гуфтанд, ки бо имзои 240 рӯзноманигор ба унвони раиси ҷумҳур мушкилоти мавҷударо матраҳ кардаанд ва то замоне аз ин ниҳод посух наояд даст ба иқдоми дигар нахоҳанд зад.

Ёдовар мешавем, ки се нашрияи мустақили « Фараж», «Пайкон», ва «Нигоҳ» аз як моҳ ба ин сӯ мунташир намешаванд. Масъулони нашрияҳои мазкур дар ин кор бархе аз мақомоти расмиро муқассир меҳисобанд, ки аз бозтоб ва тасвири ҳаводиси ахири водии Рашт нороҳат шудаанд вале мақомот ин иддаоҳоро радд мекунанд.

Вале бо ин ҳама, чопи « Фараж» дар таркиби нашрияи «Факти и комментарий» ба бовари бархе аз масъулони созмонҳои хабарӣ шояд сабаб шавад, ки ин мушкилот бо ин васила ҳал ва боқии нашрияҳои аз чоп монда низ дубора битавонанд чоп шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG