Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Юнон бастаи бомбгузоришударо тарконд


Полиси Юнон имрӯз бастаи бомбгузоришударо, ки ба унвони сафорати Фаронса дар Афин расида буд, мунфаҷир кард. Ин охирин басте буд, ки рӯзи душанбе дар қатори чанд бастаи бомбгузоришудаи дигар кашф гашта, сабаби манъи ирсоли бастаҳои пустӣ аз Юнон ба хориҷа шуд. Дар ин байн бомбаҳои кӯчак дар сафоратҳои Швейтсария ва Русия дар пойтахти Юнон мунфаҷир шуданд. Нахустини онҳо дар миёни бастаҳое пайдо шуд, ки ба номи сарони Олмону Фаронса ирсол гаштаанд. Гумон меравад, гурӯҳҳои шадидан чапгарои тундрав муаллифи ин маърака бошанд.
XS
SM
MD
LG