Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Муҳаббат ба зиндагӣ»


Эраҷ Саодатсайров
Эраҷ Саодатсайров

Барномаи «Муҳаббат ба зиндагӣ», ки 30-юми октябри соли 2010 дар Боғи марказии Хоруғ баргузор гардид, такрибан 160 нафар аз дӯсторони санъати тасвирӣ ва дигар афроди хоҳишмандро гирди ҳам оварда, онро ба як иди наққошӣ табдил дод. Таҳиягарони ин барнома хонандагони синфи 11-и Литсеи Оғохон буданд.

Барномаи мазкур бо мақсади чалби диккати ҳар як фарди Бадахшон ба зебоии ҳаёт ва гуногунрангии муҳити атрофе, ки дар он умр ба сар мебаранд, таҳия шуда буд. Ин барнома ҳамчун умед ва илҳом барои зиндагии рангбор ва албатта, «муқаддас будани ҳаёт»-ро ҳамчун нуктаи марказии паёми худ баррасӣ намуд.

Шиори ин барнома ҳам «Зиндагиро аз серрангиҳои табиат биёмӯз ва зиндагиро бо он рангҳо тасвир кун» бо истифода аз рангҳо ба ҳусни чорбоғи тирамоҳӣ шакли нави рангбортареро бахшид. Гурӯҳи зиёди кӯдакону донишҷӯён муддати 2 соат барои кашидани расмҳои дилхоҳ дар мавзӯи «Муҳаббат ба зиндагӣ» саргарм шуданд. Дар охир ғолибонро тӯҳфаҳо сарфароз кард.

Чаро ҳунар?

Ҳунар ин таффаккур кардан мебошад. Ин воситаи мусоҳиб шудан бо олами ботинии худ, қадам задан ба сӯи олами ҷустучӯ ва кашф ва аз худбоварӣ ва эҳтиром ба офариниш сохтани қолаби инсоният мебошад. Бино бар тадқиқоти олимони соҳаи таълим ва тарбия маълум гардид, ки инсон ҳамеша ниёз барои худбаёнӣ, мусоҳибаи ботинӣ, рушди тахайюлот, ҷустуҷӯи ботинӣ ва шаклдиҳии ҳувиятҳои гуногунро дорад.

Бино бар ин, санъат бо қувваи фавкулодаи худ ҳамеша бо роҳи пайвастани андеша бо фаъолият инсонро бениёз месозад. Дар раванди кор бо рангҳо ва хатҳо ҳар як фард маҳоратҳои халли душвориҳо, фикри созанда ва интиқодӣ, дарки гуногуниҳо бо ёрии рангҳо, сабру таҳаммул, дарки бекаронии зебоиро бо тачриба ёд мегирад.

Дар поён чанде аз расмҳо ва аксҳоеро аз озмуни "Муҳаббат ба зиндагӣ" пешкаш мекунем.























XS
SM
MD
LG