Пайвандҳои дастрасӣ

Фуруди изтирории ҳавопаймои Qantas Airways бо 460 сарнишин


Ширкати ҳавопаймоии "Қантас Эйрвейз"-и Австралия эълон кард, ки ба фуруди изтирории калонтарин ҳавопаймои худ -- Эйрбас А380 дастур дод. Он мегӯяд, ин иқдом дар пайи мушкиле дар муҳаррики ҳавопаймо ба вуқӯъ пайваста, ҳавопаймои масири Сидней бо 460 сарнишинаш маҷбур гашт дар Сингапур фуруд ояд. Гуфта мешавад, фуруд дар ҳоле ба амал омад, ки яке аз чаҳор муҳаррики ҳавопаймо оташ гирифта буд. Бино бар аксҳо як қисмати ин муҳаррик аз байн рафтааст. Касе аз сарнишинон захм набардоштааст. Шикастпораҳои ҳавопаймо дар ҷазираҳои Батами Индонезия кашф шудаанд.
XS
SM
MD
LG