Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин табодула байни Арманистон ва Озарбойҷон


Арманистон имрӯз як шаҳрванди Озарбойҷонро ба мақомоти Боку супурд ва дар иваз ҷасади як шаҳрванди худро гирифт. Ин аввалин табодула дар байни ду кишвар мебошад, ки ба хотири коҳиши ташаннуҷи миёни онҳо бо кӯмаки Русия ба амал омадааст. Сарони Боку ва Ереван ҳафтаи гузашта дар мулоқоте дар Маскав ба чунин табодулаи асирон ва ҷасади кушташудагон дар низои Қарабоғи Кӯҳӣ ризоият доданд. Нахустин табодула таҳти сарпарастии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли аҳмар ба вуқӯъ пайваст. Дар низоъ барои Қарабоғи Кӯҳӣ аз оғози солҳои 1990 тақрбан 30 000 нафар ба ҳалокат расидаанд. Пас аз имзои созиши оташбас байни ду тараф 21 сарбоз аз ду ҷониб кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG