Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чаҳор нафар ба гумони терроризм дар Эрон


Мақомоти Эрон мегӯянд, онҳо чаҳор нафарро, ки гӯё барои анҷоми суиқасдҳо дар Эрон аз ситезаҷӯёни курд дар Бриатния пул мегирифтаанд, боздошт кардаанд. Шабакаи давлатии ПрессТиВи-и Эрон ба нақл аз мақомоти расмӣ гуфтааст, ин афрод дар шаҳри ғарбии Маривон боздошт ва дар анҷоми панҷ суиқасд дар ду соли охир айбдор шудаанд. Мақомот гуфтаанд, боздоштшудагон ба гурӯҳи курдии "Комала" мансуб буда, аз раҳбарони ин гурӯҳ дар Британия музд мегирифтаанд. Мақомоти Британия ин иттиҳомотро беасос номида, рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG