Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фуруди изтирории ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон ба иллати туман


Тумани ғафс бар фарози шаҳри Душанбе сабаби фуруди изтирории ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" гашт, ки аз Санкт-Петербург ба Душанбе парвоз мекард. Шароити номусоид маҷбур кард, ки ин ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд поин шавад. Бино бар иттилои хабаргузории "Алия-Плюс" айни чунин ҳолат дар Қӯрғонтеппа низ ба амал омадааст. Дар ин ҷо ҳавопаймои масири Маскав -- Қӯрғонтеппа бо 124 сарнишинаш маҷбур шуд, баъд аз беҳтар шудани ҳаво дар Душанбе фуруд ояд. Ҳоло ҳаво бар фарози Душанбе соф буда, ҳавошиносон мегӯянд, рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳаво дар Тоҷикистон офтобӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG