Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Э.Раҳмон аз Қонуни асосии Тоҷикистон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, гуфт, қонуни асосии кишвараш баёнгари манфиатҳои олии мардум буда, низоми устувори давлатиро муайян мекунад. Дар як конфаронси байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе ба муносибати 15-солагии қабули Қонуни асосии Тоҷикистон, Раҳмон гуфт, ин қонун бо иродаи мардуми кишвар ба тамомияти арзӣ ва моҳияти демократию дунявии давлат тасвиб шудааст ва роҳи ояндаи мамлакатро таъин мекунад. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз Додгоҳи қонуни асосӣ, ки низ ба таъсисаш 15 сол пур мешавад, ҳамчун ниҳоди мустақили дифоъ аз қонуни асосӣ ситоиш кард. Ҷаласа дар ҳоле баргузор гашт, ки рӯзи шанбеи 6-уми ноябр дар Тоҷикистон Иди Қонуни асосии кишвар аст.
XS
SM
MD
LG