Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ҳушдори Ҷопонро дар мавриди Курил рад кард


Русия ҳушдорҳои Ҷопонро, ки гуфтааст, набояд сарони Русия ба ҷазираҳои баҳсбарангези уқёнуси Ором сафар кунанд, рад кард. Маскав ва Токияо ин ҷазираҳоро қаламрави худ мешуморанд. Ҳушдори Ҷопон баъд аз сафари раисиҷумҳури Русия, Дмтирий Медведев ба ҷануби галаҷазираҳои Курил мунташир шуд. Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров рӯзи чаҳоршанбе бо таъкиди мансубияти ин ҷазираҳо ба кишвараш гуфт, президенти Русия барои "сафар ба манотиқи кишвари хеш аз касе машварат намегирад."

"Дар ин мавзӯъ ба мо ягон машварат даркор нест. Агар шарҳи раисиҷумҳури Федерасюни Русия ва тавзеҳоти ман ва дигар намояндагони раҳбарияти Русия дар ин масъала фаҳмо набошанд, тавсия медиҳам, ки онҳоро бори дигар мутолиа кунанд. Дар онҳо ҳама чиз гуфта шудааст. Ин замини мост. Раисиҷумҳури Федерасюни Русия ҳангоми интихоби минтақаи Русия барои сафар бо касе машварат намекунад."


Ин ҷазираҳо дар фарҷоми Ҷанги ҷаҳонии дувум аз тарафи артиши Шӯравӣ ишғол шуданд, аммо Токио чаҳор ҷазираи ҷанубтаринро қаламрави хеш мехонад. Баҳси марзӣ имкон надодааст, ки ду кишвар созишномаи сулҳ ва қатъи хусуматро ба имзо расонанд.
XS
SM
MD
LG