Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии Амрико


Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи миёндавраии рӯзи 2-юми ноябр тавонист бо истифода аз мизони норозигии мардум аз рушди кунди иқтисод, назорати маҷлиси поёнии Конгрессро ба даст оварад.

Натоиҷи ҳанӯз такмилношудаи шумориши оро ҳокист, ки ҷумҳурихоҳон дастикам 59 курсиро аз ҳизби демократи раисиҷумҳур Барак Обама гирифтанд ва ба ин тартиб, ба аксарияти курсиҳои дар ин маҷлиси 435-нафарӣ даст ёфтаанд. Натоиҷи бадастомадаи интихоботи миёндавраӣ ҳамчунин баёнгари дастикам 6 курсии изофӣ дар Сенат, маҷлиси болоии Конгрессро соҳиб шудани ҷумҳурихоҳон аст. Вале бо вуҷуди чунин бартарии онҳо, назорати ин маҷлиси 100-нафарӣ дар дасти демократҳо боқӣ мемонад.

Пуштибонии мардум аз ҷумҳурихоҳон

Тавре ба назар мерасад, ҷунбиши Ти Партӣ ё Чойгаштак, ки алайҳи низоми ҳокими Амрико ва аз ҷумла аз ҷониби Сара Пейлин, номзади собиқи ҷумҳурихоҳон ба ноибии раисиҷумҳур ташкил шудааст, кор дод ва ба як ҷунбиши тавонои сиёсӣ табдил ёфт. Аксари пайравони ҷунбиши Чойгаштак дар интихоботи миёндавраӣ соҳиби курсӣ шуданд.

Як нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ дар интихоботи 2-уми ноябри Амрико ин аст, ки раиси ин ҷумҳурӣ Барак Обама ва ҳизби демократи ӯ, ки ҳамагӣ 2 сол пеш бар рӯи мавҷи хушбинӣ ва умедвориҳои мардум ба курсӣ нишастанд, баъди чунин як муддати кӯтоҳ, яъне 2 сол, ҳимояти хеле аз тарафдорони худро бохтанд.

Ва аммо, яке аз ҷумҳурихоҳони баранда Ҷон Бейнер, ки дар аёлати Оҳайо ғолиб омад ва шояд акнун дар курсии раиси Маҷлиси намояндагон намояндаи ҳизби демократ Ненсӣ Пелосиро иваз кунад, мегӯяд, ғолиби интихоботи ахир мардуми Амрикост. Бейнер дар ҷамъи тарафдоронаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ва ҷунбиши Ти Партӣ ё Чойгаштак, ки барои таҷлили пирӯзии ӯ гирди ҳам омада буданд, натоиҷи интихоботи миёндавраиро натиҷаи норозигии мардум аз сиёсати маъмурияти Барак Обама унвон кард.

Ҷумҳурихоҳон хостори тағйири сиёсатҳо

Ин намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳ ва Ҷунбиши Ти Партӣ Чойгаштак ҳамчунин гуфт, умедвор аст, ки раисиҷумҳур бо дарназардошти хости мардум, ки дар интихобот баён кардааст, сиёсати худро дигар кунад. Бейнер гуфт, Амрико бояд ба сӯи ташкили як ҳукумати хурдтару камхарҷтар, вале бо масъулияти бештар қадам гузорад.

Ӯ афзуд: “Дар ҳоле, ки аксарияти мо дар маҷлиси намояндагон ба унвони садои шумо ҳифз хоҳем шуд, вале дар хотир бигиред, ки ин президент аст, ки сиёсати ҳукуматро таъйин мекунад. Мардуми Амрико имшаб ба ӯ як пайғоми иштибоҳнопазир ироа карданд, ки ин аст: “Самтгириро тағйир деҳ”.

Ҳамин тавр, Ҷунбиши Ти партӣ онҳоеро гирд овард, ки ҳам аз амалкардҳои ҳизби демократ ва ҳам аз ҷумҳурихоҳон чандон розӣ нестанд. Як намояндаи ин ҷунбиш Ренд Пол, ки зоҳиран пирӯзӣ дар аёлати Кентаккӣ насиби ӯ мешавад, гуфт, бо худ паёми ин мардумро дорад, ки паёме хурду ночиз нест, балкӣ бояд дар Вошингтон шунида шавад:

Ман бо худ паём дорам. Ин паёми мардуми Кентаккист. Паёме, ки хеле бо садои баланду рӯшан аст ва ҳарфе нофаҳмо надорад. Мо омадем, ки давлатамонро баргардонем. Мардуми Амрико бо ончӣ, ки дар Вошингтон мегузарад, розӣ нест. Танҳо 11 дарсади мардум ончиро, ки дар Конгресс мегузарад, қабул доранд. Вале имшаб мавҷи Ҷунбиши Тӣ Партӣ баланд шудааст ва мо ба онҳо аз худ паём мефиристем.”

Дар интихоботи дирӯзаи Амрико дар як қатор аёлатҳо, волиҳои навро низ интихоб карданд. Дар ин сабқат низ, бартарӣ, тавре ба назар мерасад, дар дасти ҷумҳурихоҳон аст, вале на дар ҳама ҷо. Агар дар аёлати Оҳайо номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон Касич волии феълии аёлат Тед Стриклендро шикаст дода бошад, дар аёлати Калифорния номзади демократҳо Ҷеррӣ Браун бар номзади ҷумҳурихоҳон хонум Мег Витман пирӯз шуд. Бар ин аёлат тайи ду давра ба намояндагӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳ, ҳунарпешаи маъруфи синамо Арнолд Швартсенеггер раҳбарӣ мекард.
XS
SM
MD
LG