Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Амрико дар Кобул бузургтар мешавад


Амрико эълон кардааст, ки барои тавсеаи сафоратхонаи худ дар Кобул 511 миллион доллар ихтисос додааст. Дар ин бора Карл Эйкенберру-сафири Амрико дар Афғонистон дар маҳали сохтмони сафорат хабар дод. Вай гуфт, тавсеаи сафорат барои он аст, ки Амрико ваъдаҳои худро дар бораи таъмини амният, барномаҳои давлатӣ ва ҷомеаи шҳрвандӣ ба субут расонад. Сафир гуфт, ин сохтмон дар авоили соли ҷорӣ оғоз шуда буд ва қарор аст соли 2014 ба поён расад. Багуфтаи сафир, ҳоло дар ин сохтмон 500 нафар афғонон бо кор таъмин шудаанд. Дар оянда 1 500 нафар афғонон дар ин сохтмон ба кор ҷалб хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG