Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миёни Амрикову Мексика роҳи зерзаминии қочоқгарон ошкор шуд


Мақомоти интизомии Амрико ва Мексика мегӯянд, онҳо дар имтидоди марзи миёни ин ду кишвар роҳи 550 метрии зерзаминиро ошкор кардаанд, ки Калифорнияи ҷанубиро бо Тиҷуанаи Мексика васл мекунад. Аз ин роҳ қочоқбарон истифода мекардаанд. Кормандони ожонсиҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир гуфтаанд, ҳангоми расидагӣ дар дохили ин роҳи зерзаминӣ ё туннел онҳо 20 тон марихуана пайдо кардаанд, ки дар сурати фурӯши ин миқдор маводи мухаддир дар кӯчаву хиёбонҳо қочоқчиён миллионҳо доллар ба даст меовардаанд. Ба гуфтаи мақомот дар ду тарафи марз ин роҳи зерзаминӣ ба амборҳо пайваста шудааст.
XS
SM
MD
LG