Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони САҲА интихоботи Амрикоро одилона хонданд


Нозирони байналмиллалӣ аз САҲА аз интихоботи миёндавраии Амрико ситоиш карданд ва онро интихоботи одилона хонданд, вале гуфтанд, ки дар сармоягузории маъракаҳои интихоботии Амрико мушкил вуҷуд дорад. Аъзои Маҷмаи Порламонии САҲА дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфтанд, интихоботи рӯзи сешанбе ба таври муассир хостҳои райдиҳандагони амрикоиро бозтоб медиҳад. Вале онҳо изҳор доштанд, ки сармоягузорӣ дар маъракаҳои интихоботӣ ва таблиғоти сиёсии номзадҳо бояд ошкор бошад, зеро он метавонад шаффофияти интихобот ва масъулияти интихоботро зери суол барад.
XS
SM
MD
LG