Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун аз кушторҳои Ироқ ба ғазаб омадааст


Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз мавҷи ҳамлаҳое, ки дар Ироқ ҷони 110 нафарро рабудааст, эҳсоси ваҳшат ва ғазаб кардааст. Дар эъломияе СММ гуфтааст, Бан Ки Мун аз ин хушунатҳову кушторҳои ғайриқобили тавҷеҳ ба ғазаб омадааст ва онро сахт маҳкум мекунад. Дар эъломия омадааст, Бан аз мардуми Ироқ хостааст, ки дар баробари чунин хушунатҳои бераҳмона устувор бимонанд ва барои иҷрои ӯҳдадориҳояшон дар роҳи мусолиҳаи миллӣ муттаҳид бошанд. Рӯзи сешанбе дар силсилаи инфиҷорҳои ҳамоҳангшуда дар маҳаллоти шианишини Бағдод 60 нафар ва рӯзи якшанбе ҳангоми паноҳ бурдани тундравҳои муттааллиқ ба ал Қоида дар калисои месеҳиюни Бағдод 50 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG