Пайвандҳои дастрасӣ

Ин ҳафта нашрияи "Фараж" дар меҳмонӣ чоп шуд


Нашрияи сиёсии “Фараж”, ки аз се ҳафта ба ин сӯ наметавонист рӯйи чоп ояд, ин ҳафта дар дохили нашрияи “Факты и коментарии” ба теъдоди 4 ҳазор нусха ба табъ расидааст. Хуршеди Атовулло-сардабири нашрияи “Фараж” мегӯяд, Зафар Абдуллоев-раҳбари хабаргузории "Авеста" талош кардааст, то нашрияи онҳо дар дохили ҳафтаномаи “Факты и комментарии” ба унвони “Нашрия дар меҳмонии нашрия” чоп шавад. “Фараж” дар дохили “Факты и комментарии” дар матбааи “Оила-принт” чоп шулдааст, ки қаблан ба далели мушкили фаннӣ аз нашри ин ҳафтанома худдорӣ карда буд. Тақрибан аз як моҳ ба ин сӯ чопхонаҳои давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон нашрияҳои “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ”-ро бо баҳонаи мушкили фаннӣ чоп намекунанд.
XS
SM
MD
LG