Пайвандҳои дастрасӣ

Қочоқгарони афғон 7 духтари тоҷикро дуздидаанд


Ниҳодҳои марзбонӣ ва амниятии Афғонистон аз боздошти 6 тан аз қочоқгарони маводи мухаддир дар кишвари худ хабар додаанд. Ба гуфтаи ниҳодҳои афғонӣ, ин қочоқгарон ҳамчунин дар гаравгонгирии 7 духтари тоҷик ва ҳамла ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ даст доштаанд. Феҳристи номи ин қочоқгаронро Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Кобул 26-уми октябр ба Ҳомиди Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон таслим карда буд. Генерал Оқо Нур Кинтуз-фармондеҳи амниятии вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯяд:

"Ин афрод беш аз ҳафт духтари тоҷикро дузидидаанд ва ба Афғонистон овардаанд".


Вале то ҳол аз сарнавишти ин 7 духтари тоҷик хабаре дар даст нест.
XS
SM
MD
LG