Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қавл дод, ки ба НАТО дар Афғонистон кӯмак мекунад


Дирӯз Русия қавл дод, ки ба нируҳои НАТО дар Афғонистон кӯмак мекунад, вале мушаххасан дар бораи наҳваи ин кӯмакҳо тавзеҳот надод. Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия баъд аз мулоқот бо Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО дар Маскав гуфт: "Мо ҳамкориҳои худро дар Афғонистон тасеа медиҳем, зеро он ба манфиати муштараки ҳаётии мост". Оқои Расмуссен дар Маскав бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия низ дидор ва гуфтугӯ кард. Расмуссен мулоқоти раҳбарони НАТО дар охири моҳи ноябрро, ки қарор аст дар он Медведев ширкат кунад, имкони воқеӣ барои вазақгардон кардани сафҳаи мухолифатҳои гузашта арзёбӣ кард.

"Ман фикр мекунам, ки мулоқоти раҳбарон дар Лиссабон оғози навине дар муносиботи миёни Русия ва НАТО хоҳад буд".


Расмуссен афзуд, вай роҳҳои ҳамкориҳои баъдӣ дар заминаи дифои мушакиро ба Русия пешниҳод кардааст. Дар мулоқоти Маскав ҳамчунин таъмини афғонҳо бо чархбол ва тамрини халабонҳои афғон аз ҷониби Русия баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG